Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

12 ноҳияи ҷануби кишвар бо барномаи нави ҳукумати ИМА фаро гирифта мешавад

8 май 2012, 12:24

«Озуқаворӣ ба хотири оянда». Унвони барномаи нави ҳукумати ИМА аст, ки дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард.


Расми ифтитоҳи он бо ширкати Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Эрин Элизабет МакКи, мудири Идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ва Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон сурат пазируфт.

 

Аз сафорати Амрико ба Озодагон гуфтанд, ки «Озуқаворӣ ба хотири оянда» - ташаббуси ҳукумати ИМА ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар 20 кишвари ҷаҳон мебошад. Дар тӯли панч соли оянда барномаи мазкур дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон амалӣ хоҳад шуд. Дар доираи он ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хӯрди тиҷоратӣ бо мақсади баланд бардоштани даромад, истеҳсоли  маводи ғизоӣ барои истеъмоли оилавӣ ва беҳтар намудани ғизо ва саломатӣ кӯмак расонида мешавад. «Лоиҳаҳои асосии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, ки дар чорчӯби барномаи мазкур амалӣ мегарданд инҳоянд: Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ, Барномаи  USAID оид ба кишоварзии самаранок ва Барномаи USAID оид ба ислоҳоти замин. Барномаҳои иловагии ҳукумати ИМА лоиҳаҳои USAID дар соҳаи тансиҳатии модар ва кӯдак, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, идоракунии маҳаллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, кӯмаки Идораи Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва милиса ва барномаи дегелминтизатсияи Вазорати мудофиаи ИМА-ро дар бар мегиранд»,-афзуд манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар ҳадаф аз амалисозии барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» баланд бардоштани даромади устувори беш аз 250 000 нафар аҳолии ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлони Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи дониши онҳо дар бораи ғизои солим, дастрасии ғизо ва истеъмоли оқилонаи он дар оила мебошад. Ин барнома дар Тоҷикистон ба ташвиқу тарғиб ва ҷоринамоии тарзи ҳаёти солим бо мақсади муайянкунӣ ва бартараф намудани сабабҳои бевосита ва ниҳоии норасоии ғизо мусоидат намуда, ба беҳтар намудани вазъи саломатии модару кӯдак кӯмак мерасонад. Дар давоми панҷ сол сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои интихобшуда аз 54% то 45%, ва қафомонии инкишофи ҷисмонии кӯдакони то синни 5 сола аз 37% то 26% коҳиш меёбад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!