Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:41

Қурбониҳои таркиш дар Димишқ ба 55 нафар расид

10 май 2012, 12:28

Теъдоди қурбониёни ду таркиш, ки пойтахти Сурия, шаҳри Димишқро такон дод, ба 55 нафар расидааст. Захмиён 372 нафар рақам зада мешаванд.

Қаблан аз марги 50 ва маҷрӯҳ шудани 170 кас хабар расида буд.

Инфиҷорҳо субҳи имрӯз, 10-уми май дар наздикии шоҳроҳе ба вуқӯъ пайваст, ки ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ мебурд. Гуфта мешавад, ташкилкунандаҳои таркиш шӯъбаи фаврии хадамоти махсуси Сурияро ҳадаф қарор додаанд. Қаблан Самир Нашар, роҳбари Шӯрои миллии Сурия, ки бо ҳукумати Башор Асад дар мухолифат қарор дорад, таркишҳоро кори дасти ҳукумати амалкунанда хонда, гуфта буд, бо ин роҳ онҳо мехоҳанд нозирони байналмилалиро бовар кунонанд, ки дар қаламрави кишвар гурӯҳи «Ал-Қоида» амал мекунад. Дар ҳамин ҳол ҷониби ҳукумат дар ин амал мухолифро гунаҳкор мекунад.

Тибқи хабарҳои расида, маводи мунфаҷираро фидоиёни маргталаб фаъол кардаанд.

Мавриди ёдоварист, ки беш аз як сол мешавад дар Сурия нооромиҳо идома дорад. Ба омори СММ дар пайи низоъҳо зиёда аз 9 ҳазор нафар кушта шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!