Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба кори худ шурӯъ кард, ки «Мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷират дар Тоҷикистон: назария ва амалияи он» унвон гирифтааст.
Дар нишаст коршиносни мустақил, ҳуқуқшиносон, масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доранд. Тавре аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш раванди муҳоҷират ва масоили ҳалталаби он, рафти таҳияи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа», ҷиҳатҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ, проблемаҳои ҳуқуқии таъминоти суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мегардад: «Оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба оила, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар нишаст матраҳ хоҳад шуд»,-афзуд манбаъ. Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар назар аст атрофи таҳлили муқоисаи ҳуқуқии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирад.
Мӯҳр