Бахшҳо

Сокинони деҳаи Кулолӣ аз тарси сел шабро дар кӯча рӯз кардаанд

Раиси ҷамоат гуфтааст, ин офати табиӣ аст ва мо наметавонем ягон чора бинем


Бегоҳии дирӯз, 10-уми май дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии нохияи Панҷакенти вилояти Суғд баъд аз бориши зиёди борон сел омад, ки боиси валангор шудани чандин манзилҳои зисти маскунӣ гардид.
Сокинони деҳаи мазкур дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз доштанд, ки нафаре аз масъулин ҳукумати шаҳри Панҷакент ба мусоидати осебдидагон расидагӣ накарда, ҳатто раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба доди онҳо нарасидааст.
Салоҳиддин Наҷмиддинов, сокини дехаи Кулолӣ, ки осебдидаи сел аст мегӯяд: «Мавзее ки мо истиқомат мекунем як ҷазираро мемонад, хонаҳоямон тақрибан 15-20 метр ба селроҳа наздиканд. Бар асари боронҳои зиёд пойдевору деворҳои хона нам гирифта, эҳтимоли чаппашавии он мавҷуд аст».
Номбурда мегӯяд, шаби сипаришуда аз тарси сел як оила, ки аз 16 нафар иборат аст, шабро дар кӯча рӯз карданд. Сел ба 12-13 манзили зисти сокинони деҳа зарари ҷиддӣ расонд, пулеро, ки деҳаро ба марказ мепайвандад, ба пуррагӣ хароб кард. «Мутаасифона касе ба додамон намерасад. Ба роҳбари ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент муроҷиат кардем, он кас ваъда кард, ки мо комиссияи махсус ташкил мекунем рафта чора мебинанд, вале то ҳол касе ба додамон нарасидааст»,-афзуд Салоҳиддин Наҷмиддинов.
Сокинони деҳаи осебдида мегӯянд, субҳ раиси ҷамоат деҳоти Рӯдакӣ омада, болои азобу уқубати аз сел бардошта, суханони сахт гуфта ҷангу ҷанҷол кард: «Чизи шудагӣ шуд, ин офати табиӣ аст, мо наметавонем ягон чора бинем»,-мегӯянд сокинони деҳаи Кулолӣ аз нақли раиси ҷамоат.  Онҳо мегӯянд, чандин сол аст, ки дар ҳамин вазъ зиндагӣ доранд.  Борҳо муроҷиат карда гуфтаанд, ки дар ин мавзеъ зиндагӣ карданашон хатаровар аст, аммо кассе ба доди онҳо нарасидааст.
Дар ҳоле сокинони ин маҳалла мегӯянд, хонаҳояшонро сел хароб кардааст, ки масъулини дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ изҳор медоранд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавқуллодаро ба қайд нагирифтаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)