Бахшҳо
11 май 2012 11:34Хабарҳои ҷаҳон

Подполковники амрикоӣ пешниҳоди бомбаборони Маккаро кардааст

Омӯзгори Академияи ҳарбии Амрико зимни гузаштани дарс ба шогирдони ин муассиса гуфтааст, ки дар сурати зарурӣ ИМА бояд аз таҷрибаи худ дар Хиросима ва Нагасаки барои маҳви шаҳрҳои муқаддаси мусалмонҳо- Макка ва Мадина истифода кунад.

Дар ин бора сомонаи Wired навиштааст. Подполковник Мэтю Дули дар Академияи ҳарбии Joint Forces Staff College ба шогирдон хондааст. Дар ин муассиса, ки дар шаҳри Норфолки иёлаи Вирҷиния воқеъ аст, афсарони миёна тарбия мешавад.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиейтед Пресс Дули аз шарҳи ин лексияи худ ба ВАО худдорӣ кардааст. Аммо ба навиштаи хабаргузориҳо аснои лексия Дули гуфтааст, ки «Исломи боэътидол» вуҷуд надорад. «Ин таблиғоти дағалонаро дигар намешавад таҳаммул кард»,- гуфта мешавад дар муаррифи (презентация)-и ӯ.

Вай нақшаи ҷангеро пешниҳод кардааст, ки шакливазнамоии исломро дар худ дорад. Нақшаи мазкур аз чор давра иборат аст ва дар даври сеюм фароҳам намудани шароит барои таҳдиди гуруснагӣ ба Арабистони Саудӣ пешниҳод мешавад. Ҳарчанд, ин лексия моҳи июли соли 2011 хонда шудааст, аммо танҳо дар моҳи апрели имсол маълум шудааст, ки дар муассисаи таълимӣ курсҳои зидиисломӣ гузашта мешавад. Дар оғози моҳи равон дарсгузарии Дулиро манъ кардаанд. Ба навиштаи Wired, подполковник Мэтю Дулиро аз кор нарондаанд. Қаблан, маълумотҳои зидиисломӣ дар давраҳои омӯзишии ФБР пайдо шуда буд.

Вашингтон борҳо изҳор кардааст, ки бо гурӯҳҳои ҷудогонаи террористӣ мубориза мебарад, на бо Ислом.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)