Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад

2 июн 2011, 10:07

Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш ҳеч далеле оиди сохташаваии бомбаи атомӣ аз сӯи Иронро дар даст надорад.

Ӯ ҳамчунин афзудааст, далелҳои МАГАТЭ, оҷонсии назорати силоҳи ҳастаии СММ, низ сохтани яроқи қатли омро дар Ирон таъид намекунад. Дар ин хусус маркази матбуоти ВКХ-и Русия иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, аз таъхири иҷрои пешниҳодоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Ирон нигаронӣ карда гуфтааст, ҳарчанд иҷрои ин пешниҳод ҳатмӣ нест, аммо барои Ирон хеле муҳиманд ва иҷрои ин пешниҳодот метавонанд ҷомеаи ҷаҳониро барои иҷрои барномаи ҳастаии сулҳомези Ирон бовар кунонад.

Феълан касе наметавонад, танҳо сулҳомез будани барномаи ҳастаии Иронро таъид кунад ва ҳамзамон касе далели муттаҳам кардани ин кишварро барои сохтани яроқи ҳастаӣ дар даст надорад, - хулоса кардааст Сергей Лавров.

Ёдовар мешавем, ки шашгонаи миёнравони байналахалқӣ бо шумули Русия, Чин, ИМА, Фаронса, Инглистон ваа Олмон дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ аз Ирон манъи истихроҷи уранро, ки метавонад як кишвари дорои яроқи ҳастаиро дар ҷаҳон афзун созад, тақозо доранд.

Аммо Теҳрон тамоми иттиҳомот нисбаташро бо баҳонаи сохтани яроқи ҳастаӣ рад мекунад ва мегӯяд истеҳсоли уран танҳо бо мақсадҳои осоишта дар ин кишвар роҳандозӣ шудаасту бас.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!