Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

МегаФон ба собиқадорони ҷанг телефони мобилӣ тақдим кард

12 май 2012, 04:25

Дар арафаи таҷлил аз 67-умин солгарди ҶБВ дар мактаби №11-и шаҳри Душанбе бо иштироки  «МегаФон Тоҷикистон» дарси боз таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор шуд.

Дар маҳфил Мӯъмин Қаноат, шоири миллии Тоҷикистон, намондагони ҳукумати шаҳри Душанбе, 1600 донишомӯз ва собиқадори ҷанг иштирок карда, ба донишомӯзон аз рӯзҳои сахти ҷанг ёдовар шуданд.

 

Кормандони «МегаФона» дар вилояти  Суғд дастаҷамъона ба Майдони Ғалаба баромада, ба хотираи неки шаҳидон гулчанбар гузошта ва ба собиқадрони ҷанг тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карданд.

МегаФон дар Хатлон барои 40 собиқадори ҷанг зиёфати идона баргузор карда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар Бадахшони кӯҳӣ низ МегаФон идораи навро ба муносибати ҷашни иди Ғалаба ифтитоҳ кард. Кормандони ширкат ба ин маросим 4 собиқадори ҷангро даъват карда, ба онҳо телефон тақдим карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!