Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:54

Корхонаҳои Тоҷикистон мехоҳанд барқро 40% арзонтар бихаранд

12 май 2012, 06:07

Ҷиҳати иҷрои супориши президент оиди дар ду баст фаъолият кардани корхонаҳои истеҳсолӣ, доираҳои соҳибкории Тоҷикистон тақозо доранд, ки дар фасли гармо нархи барқ барояшон арзонтар шавад.

Некрӯй Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик бо муроҷиати расмӣ аз ҳукумати кишвар тақозо мекунанд, ки дар фасли гармо арзиши барқ барои корхонаҳои истеҳсолӣ  40 фоиз арзон карда шавад.

Забиров таъкид кард, ки имтиёзи талабнамудаашон танҳо ба корхонаҳое дахл дорад, ки омодаанд дар ду баст фаъолият кунанд ва ҳаҷми маҳсулотро ду маротиба зиёд намоянд. Вай додани имтиёзро ба корхонаҳои истеҳсолӣ дар фасли гармо барои ширкати «Барқи тоҷик» ҳам фоидаовар арзёбӣ кард:
«Корхонаҳое, ки дар ду баст фаъолият мекунанд, бештар барқро истифода мекунанд, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеъмоли барқ даромади ширкати «Барқи тоҷик» низ зиёд мегардад».

Тоҷикистон дар фасли гармо имкони истеҳсоли беш аз 5 миллиард килловат соат нерӯи барқро дорад, ки дар се соли гузашта бо сабаби набудани хати интиқол ба хориҷа мунтақил нашуд. Дар натиҷа иқтисоди Тоҷикистон аз ҳудуди ним миллиард доллари амрикоӣ маҳрум монд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!