Бахшҳо

Сафорати Амрико аз урдӯгоҳи ҷавонон ва кормандони милиса дастгирӣ кард

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин урдӯгоҳи ҷавононро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милиса бо ҷомеа дар Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар» дастгирӣ намуд.

Дар ин бора ба Озодагон аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ 39 ҷавони пешқадами синну солашон аз 14 то 20 ва 6 корманди милиса аз ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Қумсангир, Фархор, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Қайроққум дар урдӯгоҳи мазкур ширкат варзиданд. Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (INL) ва иҷрокунандаи лоиҳа «Эмерҷенс Групп» ҷиҳати баланд бардоштани қобилиятнокии  гуруҳҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милиса бо ҷомеа тавассути ташкили урдӯгоҳҳои ҷавонон ҳамкорӣ намуданд. «Гузаронидани чунин урдӯгоҳҳо ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни ҷавонон ва милиса, сайқал додани  дониш ва малака дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милиса ва ҷомеа, муайян  намудан ва ҳалли мушкилоти ҷавонон мусоидат мекунад»,-афзуд сарчашмаи хабар.

Барномаи урдӯгоҳ аз сессияҳои омузишӣ оид ба ҳамкорӣ, ҳалли якҷояи мушкилот, ва инчунин чорабиниҳои интерактивии гурӯҳсозӣ иборат буд.  Дар урдӯгоҳи мазкур ҷавонон аз созмони  ғайриҳукуматии «Ғамхорӣ»-и Қӯрғонтеппа намоиш нишон доданд.  Ҷавонон бо мақсади  ҷалби иштирокчиён ба ҳалли мушкилоти марбут ба имконият надоштан ба маълумот, зуроварӣ дар оила, хариду фурӯши одам  ва истифодаи маводи мухаддир усули эъҷодиро истифода бурданд. Инчунин иштирокчиёни урдӯгоҳ моделҳоро, ки  диди онҳоро дар бораи  ҷомеаи бехатар дарҷ намуданд, омода намуда, бо лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон кор карданд.  Хонум Сара Пенхюн муовини  Сафир дар ин қисм ҳузур дошт ва гуфт: «Ба кӯшишу ғайрати шумо нигариста, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки ҷидду ҷаҳди шумо натиҷаҳои хуб медиҳад ва лоиҳаҳои шумо оид ба ҳалли мушкилот самарабахш хоханд буд».

Манбаи хабар илова кард, ки ҳукумати ИМА барои дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сектори институтҳои адлияи Тоҷикистон омода ҳаст ва ҳамкории судмандро бо ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмин намудани бехатарии шахрвандон идома медиҳад. Аз соли 2003 то инҷониб Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 52 миллион долларро  барои таъмини амният ва адолат ба халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)