Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:03

Оқил Оқилов: Имкониятҳои таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон хуб истифода намешаванд

12 май 2012, 06:34

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон имрӯз нахустин ҷаласаи Шӯрои амнияти озуқавории Тоҷикистонро, ки моҳи августи соли гузашта таъсис ёфт, доир намуда роҳҳои ноил шудан ба амнияти озуқавориро баррасӣ кард.

Тибқи иттилои котиботи сарвазир дар ҷаласа нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 тасдиқ шуда, вазифаҳои аъзоёни он мушахас гардидаанд.

Зимнан қайд шудаст, ки корҳо дар самти таъмини мардуми Тоҷикистон бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд ва имкониятҳои мавҷуда ба таври лозима истифода намегарданд.

Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаласаи Шӯро зарурияти беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, истифодаи тухмии босифат, муборизаи беамон бо зараррасонҳо таъкид шудаст. Оқилов аъзоёни Шӯроро, ки вазирону раисони кумитаҳои давлатии кишварро дар бар мегирад, вазифадор кардаст, то дар самти таъмини мардуми кишвар бо маҳсулоти ватанӣ фаъолтар бошанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд дар сурати роҳандозии сиёсати дурусти кишоварзӣ Тоҷикистон имкон дорад на танҳо талаботи дохилӣ, балки маҳсулоти озуқавориро ба хориҷи кишвар ҳам содир кунад. Дар ҳоли ҳозир бозори маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон пойбанди хориҷа буда, нисфи талаботи мардум ба озуқа бо маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!