Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Арзиши як тон орди воридотӣ 312 доллар шудаст

15 май 2012, 03:22

Воридоти орду гандум, ки тибқи иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ 60 фоизи колорияи рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфтаст.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба кишвар 192 ҳазор тон гандум ба маблағи 41 миллион доллари амрикоӣ ворид шудаст. Маблағи як тон гандуми воридотӣ ба ҳисоби миёна 217 доллари амрикоиро ташкил додаст.

Воридоти орд дар семоҳаи аввали соли равон 134 ҳазор тонро ташкил дода, бо маблағи умумии 41 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст. Арзиши миёнаи як тон орди воридотӣ ба ҳисоби миёна 312 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид шуда, ҳудуди 50 фоизи талаботи мардуми кишварро таъмин мекунад. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон талаботи солонаи мардуми кишвар ба гандум ҳудуди 1,5 миллион тонро ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!