Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Ҳукумати ноҳияи Ашт ба кормандони милиса мошин тақдим кард

15 май 2012, 04:10

Ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки бо ташаббуси раиси ҳукумати ноҳияи Ашт утоқҳои кории нозирони минтақавӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили телевизору дастгоҳҳои компютерӣ, ҷевону мизу курсӣ муҷаҳаз гардид.

Илова бар ин, раиси ноҳия ба кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт автомашинаи хизматии тамғаи «Карандо» такдим кард. Раиси ноҳия гуфтааст, ки ин охирин кӯмак набуда, дар оянда низ барои рушди фаъолияти кормандони милиса  мусоидат хоҳанд кард. Манбаъ афзуд, барои кормандони милисае, ки ба манзили зист ниёз доранд, барои бунёди манзил ба онҳо бе навбат замин ҷудо мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!