Бахшҳо

Тоҷикистон мизбони Олимпиадаи «NetRiders Tajikistan 2012»

16-18 май дар Тоҷикистон даврҳои миллии Олимпиадаи чорум доир ба технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ «NetRiders Tajikistan 2012» баргузор мегардад.

Олимпиада бо мақсади тарғиби истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар байни ҷавонон ва  баҳри рушди потенсиали кадрии  кишвар дар соҳаи ТИК гузаронида мешавад.

Чорабинии мазкур дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи Олимпиадаи байналмиллалии NetRiders ва барномаи Академияи шабакавии Cisco гузаронида мешавад. Чунин даврҳои Олимпиадаи NetRiders дар кишварҳои ИДМ, Аврупо, Шарқи Миёна ва Африқо низ баргузор мегарданд. Олимпиада ба таври бархатӣ мегузарад ва шунавандагони Акадмеияҳои Cisco-и ин давлатҳо  имтиҳонҳо ва вазифаҳои таҷрибавиро дар компутерҳо оид ба технологияҳои иттилотиӣ ва шабакавӣ  иҷро менамоянд.

Ҳамасола дар чаҳорчӯбаи Олимпиадаи «NetRiders Tajikistan»  даври кушоди Олимпиада «Мутахассиси боистеъдоди ТИ» низ гузаронида мешавад, ки дар он аз тамоми гӯшаю канори кишвар мактаббачагон, донишҷӯён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, ки шунавандагони барномаҳои Академияи Cisco то ҳол нашудаанд,  иштирок карда метавонанд. Даври кушод ба таври бархатӣ баргузор мегардад ва ҷавонон барои номзадии «Мутахассиси боистеъдоди ТИ» ширкат меварзанд.

Ғолибони Олимпиада аз ҷониби сарпарастон ва ташкилкунандагон бо тӯҳфаҳои гуногун мукофонида мешаванд. Мукофотҳои асосии ғолибон  ноутбукҳо, нэтбукҳо, 3G ва 4G-модемҳо аз Ширкати Миллии Телекоммуникатсионии «Вавилон-Т» ва Оператори алоқаи мобилӣ «Вавилон-Мобайл», смартфонҳо аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон,  IPod ва вебкамераҳо аз тарафи ширкати Cisco ва омӯзиши ройгон дар Академияи Cisco-и  назди Маркази ТИК  мебошанд.

Ба маросими мукофотонидани ғолибон, ки 18 май баргузор мегардад, намояндагони идораҳои гуногуни давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратии байналмиллалӣ ва маҳаллии Тоҷикистон даъват шудаанд. Ташкилкунандаи Олимпиада ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Технологияҳои Иттилоотию Коммуникатсионӣ» мебошад.

«NetRiders Tajikistan 2012» дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази Миллии Патенту Иттилоот» назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Маркази технологияҳои информатсионии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, Филиали «Интерньюс Нетуорк Инк» дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи TARENA, Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии «МАТЭМА»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маркази технологияҳои иттилоотии “Кова”-и вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» дар вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон гузаронида мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)