Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

Кумитаи андоз: Сабукии андозбандӣ танҳо коҳиши ҳаҷми андозҳо нест

15 май 2012, 05:09

Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон зимни ислоҳоту соддасозии низоми андозбандӣ, ки дар кишвар ҷараён дорад, кам кардани ҳаҷму шумораи андозҳоро ҳамчун ҳалли беҳтарин баҳогузорӣ намудан, нодуруст мешуморанд.

Мақомоти андоз таъкид мекунад, ки коҳиши ҳаҷму шумораи андозҳо ягона роҳе нест, ки сарбориро болои андозсупорандагон кам мекунад. Намояндагони Кумита ният доранд таввассути беҳтар намудани назорат аз болои кормандони худӣ, содда намудани муқаррароти Кодекси андоз, фаҳмондадиҳӣ ба андозсупоранда ва густариши истифодаи технологияи компютерӣ низоми андозбандии Тоҷикистонро соддаю такмил диҳанд.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар изҳор медоранд, ки дар сурати ба назар нагирифтани пешниҳодҳояшон, ҳоҷат ба таҳияи Кодекси нави андоз нест, зеро он баръакс метавонад дар фаъолияти соҳибкорон мушкили бештар пеш биёрад. Ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон мақсади президентро аз супориш дар мавриди таҳияи Кодекси нави андоз, кам кардани ҳаҷму шумораи андозҳо ва ба ҳамин восита мусоид намудани шароити соҳибкорию сармоягузорӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба таври лозими амалӣ нашуда истодааст.

Масъулини Кумитаи андоз дар мавриди пешниҳоди соҳибкорон изҳор медоранд, ки бояд асоснок бошанд ва нишон диҳанд, ки аз кадом ҳисоб маблағи буҷа рӯйпӯш мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!