Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 21:58

Дар Узбакистон ҷасади вазири собиқро ёфтанд

15 май 2012, 06:38

Дар шаҳри Тошканд ҷасади вазири собиқи фарҳанг ва варзиши Узбекистон ёфт шудааст.

Ба навиштаи Central Asian News ҷасади Анвар Ҷаббаровро бо ҷароҳатҳои корд аз таҳхонаи як манзили бисёрқабата пайдо кардаанд. Vesti.uz бошад, навишта, ки мақтулро аз утоқи кории як ширкат ёфтаанд.

Ҷаббаров аз рӯзи 8-уми май инҷониб бедарак шуда буд. Пайвандони ӯ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карданд.

Ба иттилои Uzmetronom дар куштори вазири собиқ ҳамшаҳриҳои ӯро аз вилояти Қашқадарё гумонбар медонанд. Бино ба хабарҳои тасдиқнашуда яке аз гумонбаршудаҳо аллакай дастгир шудааст.

Анвар Ҷаббаров аз соли 2009 то соли 2011 дар курсии вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистон менишаст. Аз ин пеш Иттиҳодияи давлатии «Узбекнаво»-ро роҳбарӣ мекард. Аммо то замони кушта шуданаш симмати Иттиҳодияи «Узбекмузей»-ро дар ихтиёр дошт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!