Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Мавсими шарбатҳо шакарро ҳам қиммат мекунад?

15 май 2012, 07:36

Нархи шакар дар бозори чаканаи шаҳри Душанбе аз аввали сол 5,5 фоиз арзон шуда, айни ҳол як килограми он ба ивази 5 сомонию 60 дирам дар фурӯш аст.

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ бо вуҷуди арзонишавӣ нархҳои мавҷуда дар муқоиса бо нархҳо дар моҳи майи соли гузашта ду фоиз қимматтар мебошад. Хабарнигори Озодагон зимни боздид аз бозори яклухти фурӯши шакар дар пойтахт  муайян кард, ки нархи халтаи 50 килоии шакари Покистон 240 сомонӣ, шакари Эрон 250 сомонӣ ва шакари Русия 260 сомониро ташкил медиҳад.

Таҳлилгарони иқтисодӣ бо ишора ба фарорасии мавсими тайёр намудани шарбатҳо изҳор медоранд, ки дар ояндаи наздик шакарфурӯшҳо метавонанд аз талаботи зиёд сӯйистифода карда, нархи шакарро баландтар кунанд.

Дар маҷмӯъ дар бозори ҷаҳонӣ дар назар аст, ки нархи шакар минбаъд ҳам поён равад. Коршиносони Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид ба далели ҳосили интизории хуб дар Бразилия, ки калонтарин истеҳсолкунандаи шакар аст, арзонишавии минбаъдаи онро пешгӯӣ мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!