Бахшҳо
15 май 2012 12:18Хабарҳои ҷаҳон

Тел-Авив аз тавофуқ миёни Эрон ва 5+1 нигарон аст

Як рӯзномаи исроилӣ дар гузорише ба барасии нишасти ҳафтаи ояндаи Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Бағдод пардохт ва аз нигаронии мақомоти Исроил аз эҳтимоли тавофуқ миёни Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи мавзӯи ҳастаии Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Теҳрон рӯзномаи исроилии  Ҳоаретс» дар гузорише навишта, ки Исроил нигарони тавофуқ миёни ҷумҳурии Исломии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар рӯзи 23-юми май аст, ки метавонад гузинаи ҳамлаи низомии Исроилро лағв кунад.

Ин рӯзномаи исроилӣ навишта: «Дар ҳоле, ки 7 рӯз то оғози даври баъдии гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон боқӣ монда аст, фишорҳо идома дорад ва ҳар итилооте, ки дар бораи Эрон фош мегардад, дар расонаҳо мунташир мешавад».

Ҳоаретс дар идомаи матлабаш овардааст, ки таърихи гуфтугӯҳои Бағдод дар ҳоли наздик шудан аст ва Исроил ин эҳсосро дорад, ки Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба шиддат дар талош барои расидан ба тавофуқи аввалия дар робита ба барномаи ҳастаии Эронанд, ки метавонад заминаро барои тавофуқи доимӣ миёни ду тараф фароҳам кунад.

Ба навиштаи Ҳоаретс бар асоси шавоҳид Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар масири худ барои расидан ба як тавофуқи миёнӣ ҳастанд. Ин тавофуқ ба Эрон иҷоза медиҳад, то урониюмро то 20 дарсад ғанисозӣ кунад.

Бар асоси гузориши ин рӯзнома, дар муқобили иқдомоте, ки Эрон анҷом медиҳад, қудратҳои ҷаҳонӣ низ бархе аз таҳримҳои қаблан алайҳи Эрон эъмолкардаашонро бартараф мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо таҳрими нафтии Эрон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва таҳрими Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)