Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

Мири собиқи шаҳр ба касалхона интиқол ёфт

2 июн 2011, 11:41

Юрий Лужков, мири барканоршудаи шаҳри Маскав ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ин бора аз касалхонаи марказии пойтахти Русия иттилоъ расидааст. Гуфта мешавад, мири собиқ ҳангоми бозии голф дарди шадидро дар қисмати гурдаҳояш эҳсос мекунад ва аз шиддати дард наметавонад бозиро идома диҳад. Духтурони ёрии таъҷилӣ ба кӯмаки ӯ расида, Лужковро ба бемористон интиқол медиҳанд.

Худи Лужков гуфтааст, худашро нағз эҳсос мекунад ва рӯзҳои наздик бемористонро тарк хоҳад гуфт.Аммо табибон мегӯянд, барои  муайян намудани  санг дар гурдаҳои ӯ, ташхиси ҷиддие зарур аст, ки ҳамакнун Юрий Лужков бояд ба чунин ташхис фаро гирифта шавад.

Гуфтанист, Юрий Лужков баъди қариб 20 соли сарварии пойтахти Русия бар асари як бархӯрд мавриди нобоварии президент Дмитрий Медведев қарор гирифта, якуним сол пеш аз маснад барканор гардида буд. Ҳамчунин, худи Лужкову ҳамсараш Елена Батуринаи тоҷир дар фасоди бузурги молӣ гумонбар дониста мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 123

  • 11 ноябр 2014 17:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а причем ткт Турачонзода?????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!