Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Раиси «Газпром» ҳаҷми газро дар «Сариқамиш» муболиға кардаст

16 май 2012, 05:52

Дар ҳоли ҳозир масъулини ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» бо такя ба маълумоти пешакӣ ҳаҷми захираҳои газро дар чоҳи «Сариқамиш» 18 миллиард метри мукааб ва ҳаҷми нафтро 17 миллион тон арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки Алексей Миллер, раиси «Газпром» ҳангоми оғози пармакунӣ дар Сариқамиш, - охири соли 2010 –ум ҳаҷми газро дар чоҳ 5 маротиба бештар, -  аз 60 то 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, таъкид намуда буд, ки мардуму корхонаҳои Тоҷикистон тӯли 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи лоиҳа чоҳ бояд то нуқтаи 6 ҳазору 300 метр парма шуда, чуқуртарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд. Масъулини «Газпром зарубежнефтегаз» изҳор медоранд, ки то ҳол пармакунӣ аз нуқтаи 4 ҳазор метри чуқурӣ гузашта, корҳо дар ду баст идома доранд. Шароити пармакунӣ аз сабаби мавқеи мураккаби географӣ мушкил арзёбӣ мегардад.

Намояндагони ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» таъкид менамоянд, ки барои пармакунӣ муосиртарин технологияро ҷалб намудаанд. Аз ҷумла 60 адад воситаи нақлиёт ва дар 267 вагону 87 тайёра таҷҳизоти заруриро то имрӯз ворид карданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!