Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Ҳукумати ноҳияи Ашт ба кормандони милитсия автомашина тақдим намуд

16 май 2012, 08:55

Раиси гоҳияи Ашт ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия автомашинаи хизматии тамғаи «Карандо» такдим карда, афзуд ки ҳар кадоме аз мо - аҳли ҷомеа новобаста аз вазифаамон бояд ба мақомоти милитсия ҷиҳати пешрафти кору фаъолияташон мусоидат карда, саҳми худро дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷомеа гузорем.

Тавре ба «Озодагон» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ доданд,имрӯзҳо робитаю ҳамкориҳои ҳукуматҳои маҳал ва аҳолӣ бо кормандони мақомоти милитсия хуб ба мушоҳида мерасад. Мусоидат кардан ба пешрафти ҳамкориҳо беҳтарин омили рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа буда, дар якҷоягӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна кирдорҳои хавфноки ҷинояткориро гирифта, ба ободии Ватан мусоидат кард. Бо ин мақсад раиси ҳукумати ноҳияи Ашти  вилояти Суғд дар таъмиру ба истифода додани утоқҳои кории нозирони минтақавӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, ҷиҳозонидани утоқҳои кории кормандони милитсия аз қабили телевизору дастгоҳҳои компютерӣ ва ҷевону мизу курсӣ саҳм гузошт.

Инчунин, ба кормандони милитсияе, ки ба манзили зист ниёз доранд, барои бунёди манзил бе навбат замин ҷудо карда мешавад, афзуд манбаъ.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!