Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:40

Як сокини ноҳияи Панҷро бо 22 кило маводи мухаддир боздошт карданд

16 май 2012, 09:18

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ як сокини 41-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ бо 22 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод хабар доданд, дар ҷараёни гузаронидани амалиёти фаврӣ дар борхалтаи варзишии шахси боздоштшуда  12 бастаи дорои маводи мухаддири растанинасаб ва хокамонанд бо бӯи махсус ошкор ва мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ,  зимни ташхиси судии лабораторияи агентӣ муайян карда шуд, ки маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ 22  кило буда, беш аз 2 килои он героин ва ҳудудан 20 килои боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.  Бастаҳои пур аз героин дорои мӯҳр ва навиштаҷот бо хати арабиасос буданд.

Манбаъ гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200,  кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз гашта, дастгиршуда ба боздоштгоҳи муваққатии агентӣ бурда шуд.

Тафтишоти пешакӣ  мушаххас кард, ки шахси гумонбаршуда оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуда аст.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!