Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:53

Боздиди Оқил Оқилов аз корхонаҳои Суғд

16 май 2012, 09:37

Сафари кории сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба вилояти Суғд идома дорад. Сарвазири кишвар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва истеҳсолот дар «Комбинати маъдантозакунии Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ ошно гашт.

Дар  ин бора ба хабарнигори маҳалллии «Озодагон» аз Маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ бо коркарди маъдани кӯҳӣ ва фулузоти ранга, инчунин бо истихроҷи ангишт машғул мебошад. Таи чор моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи мазкур бо нархҳои муқоисавӣ 29,9 млн. сомониро ташкил додааст. Дар коргоҳ 757 нафар фаъолият мебаранд, ки музди  миёнаи меҳнати моҳонаашон 931 сомониро ташкил медиҳад.

Оқил Оқилов 13-уми май ба вилояти Суғд сафар карда буд. Сарвазир рӯзи дуюми сафари корӣ ҳамроҳ бо раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз фаъолияти комбинати фулузоти нодири Ленинобод дар шаҳраки Чоруқдаррони Қайроқум шинос гардиданд. Дар идомаи сафар ҳайъат аз рафти фаъолияти фабрикаи ресандагии «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ дидан намуданд.  Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор ва фаъолияти ҶДММ «Суғдсемент» дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шуданд.

Сарвазири кишвар Оқил Оқилов имрӯз аз рафти корҳои азнавсозӣ ва сохтмони чойхонаи миллӣ дар муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» ва дигар иншоотҳои ҷашнии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.




 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!