Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Пирӯзии Мавзуна Чориева дар давраи чорякниҳоии бокси ҷаҳонӣ

16 май 2012, 09:44

Мавзуна Чориева дар даври чорякниҳоӣ бар Эстелле Моссели (Фаронса) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:12 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад.

Муродали Тешаев сухангӯӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи ҷаҳон, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ баъди се пирӯзӣ дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило соҳиби роҳхат ба Олипиадаи Лондон-2012 гардида буд ва имрӯз дар даври чорякниҳоӣ бар Эстелле Мосселии фаронсавӣ аз рӯи натиҷаи холҳо бо ҳисоби 20:12 пирӯзӣ ба даст оварда, ба нимфинал баромад. Ӯ, ки ҳадди ақал бо медали биринҷӣ мукофотонида хоҳад шуд, муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон идома медиҳад. Дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18-уми май барузор мегардад, Мавзуна Чориева бо  муштзани Ирландия Кэти Тейлор, қаҳрамони феълии ҷаҳон қувваозмоӣ мекунад.

Ёдрас менамоем, ки Мавзуна Чориева дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бо бартарии комил ғалаба  ба даст овард. Ӯ дар даври баъдӣ Каролина Грасюкии лаҳистониро аз рӯи натиҷаи  холҳо бо ҳисоби 20:10 (1:1, 6:2, 5:2, 8:5) шикаст дод. Дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Антонина Шевченко (Қирғизистон) аз рӯи натиҷаи холҳо бо ҳисоби 10:2 (5:1, 5:1, 0:0, 0:0 ) ғолиб омада буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!