Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Ба даст афтодани раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Ҷумъабой»

16 май 2012, 10:16

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт Рауф Собиров, раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Ҷумабой»ро дастгир кардаанд.

Тавре аз ВКД хабар доданд, номбурда сокини деҳаи Зарнисор буда, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода намудааст ва бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуворис Байзоева, сокини кӯчаи Султонов, ду бошишгоҳи саҳроиро, ки моликияти давлатӣ буд, ғайриқонунӣ вайрон кардаанд.

Ин бошишгоҳҳо дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Истаравшан қарор доштанд ва  барои нигоҳубин кардан ба ихтиёри хоҷагии деҳқонии мазкур супорида шуда буданд.

Онҳо масолеҳи сохтмониро, ки 40003 сомонӣ арзиш дошт, фурӯхта, маблағи онро аз они худ намудаанд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!