Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Оташ задани 600 кило маводи нашъадор дар «Тоҷик-текстилмаш»

16 май 2012, 12:26

Имрӯз (16.05.с.2012) дар тафдонҳои заводи «Тоҷик-текстилмаш»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки роҳбарияти Раёсати тафтишотӣ, Раёсати амнияти дохилии ВКД, намояндагони мақомоти Прокуратура, Суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маводи нашъадор тариқи оташ задан нобуд карда  шуд.

Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳудуди 600 кило  маводи нашъадор нобуд карда шуд. Аз  ин миқдор 94 кило  «ҳероин», 32 кило  «афюн», 477 кило  «бангдона», 1929 адад ҳабҳо, яъне таблеткаҳо аз рӯи 157  парвандаҳои ҷиноӣ, ки нисбаташон ҳукми суд баромадааст, маҳв карда шуд.

Зимнан, вобаста ба ин 200 шаҳрванд бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон айбдор дониста шуда, равонаи зиндон гаштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!