Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сергей Наришкин мулоқот кард

Баъд аз зуҳри дирӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ин мулоқот дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи парлумонии Созмони Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат пазируфт.

 

Шавкат Саидов, ёвари раиси ММ МО ба Озодагон гуфт, зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ нек арзёбӣ карда, мулоқоти сарони кишварҳоро таконбахши ин робитаҳо номид.

«Раиси ММ МО гуфт, ки дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавии муносибатҳо пайванду ҳамгироиҳои дӯстонаи аз умқи таърих сарчашмагирандаи халқу кишварҳоямон тақозо менамояд, ки ҳамкориҳо беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб равона шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама вусъатбахшии робитаҳои иктисодӣ дар тадбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ дар кишвари мо бо ҷалби сармояҳои мустақими Русия ба мақсад мувофиқ мебошад»,-афзуд манбаъ.

Маҳмадсаид Убайдуллоев робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русияро дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳо қайд намуда, итминон дод, ки дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъсис ва фаъолияти институти комилан нави парламентаризми муосир Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» нақши муассир гузошт. Дар навбати худ, раиси Думаи давлатии Русия низ аз мӯҳтавои мулоқоти самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки таклифу пешниҳодоти раиси Маҷлиси миллӣ  шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)