Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:59

Вошингтон пост: Гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия бо ҳамоҳангии ИМА силоҳ дарёфт мекунад

17 май 2012, 05:25

Рӯзномаи «Вашингтон пост»-и ИМА дар гузорише ба нақл аз бархе манобеъ эълон кард, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мухолифони ҳукумати Сурия дар ҳафтаҳои ахир, ба тарзи чашмгире силоҳҳои бештару беҳтаре бо пули кишварҳои арабӣ ва ҳамоҳангии Амрико дарёфт мекунанд.

Нашрия навиштааст муътаризони сурӣ, ки дар ҳоли мубориза бо давлати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ҳастанд, ҳафтаҳои ахир силоҳҳои бештару беҳтарро дарёфт кардаанд. Ин амр то ҳудуде тавассути Амрико ҳамоҳанг мешавад. Аммо мақомоти давлати Барак Обама таъкид доранд, ки Амрико ба ҳеч унвон дар таҳияву таъмини буҷаи маводи маргбор, ки шомили силоҳҳои зидди танк мешавад, нақше надорад аммо мегӯянд, ки давлати Амрико иртиботи худ бо нерӯҳои низомии мухолифро густариш дода, то арзёбиҳое аз эътибори зерсохтҳои фармондиҳӣ ва контроли гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия дар ихтиёри кишварҳои халиҷи форс қарор диҳад.

Яке аз мақомоти аршади Амрико бидуни зикри номаш ба рӯзнома гуфтааст: «Мо кӯмакҳои ғайримаргбори худ ба мухолифини суриро афзоиш медиҳем ва ба созмондиҳии талошҳои худ бо дӯстону ҳампаймонони худ дар минтақаи халиҷи Форс ва фароминтақаӣ идома медиҳем то бузургтарин таъсиргузориро дар заминаи он чи, ки мехоҳем анҷом диҳем, дошта бошем».

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!