Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

Мардуми Қирғизистон алайҳи ҳузури Амрико тазоҳур карданд

17 май 2012, 05:58

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон тазоҳуроте алайҳи ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар баргузор шуд.

Хабаргузории Форс менависад, ки дар ин тазоҳурот аъзои ҳизби «Ватанпарастон»-и Қирғизистон ва ҷунбиши «Муқобила бо низоми фосид»-и ин кишвар ва ҳамчунин сокинони навоҳии Жонил, Панфилов ва Қаробота, ки аз ҳузури низомии Амрико хисорот дидаанд, ҳузур доштанд.
Дамира Тактасонова, яке аз ширкаткунандагони ин тазоҳурот ба расонаҳои гурӯҳӣ эълон кард, то замоне ки мақомоти қирғиз тасмими ҷиддие нисбат ба ихроҷи пойгоҳи «Монас» нагиранд, ба тазоҳурот идома хоҳанд дод.
Қариббек Суринов, раиси созмони муҳити зисти «Аср» мегӯяд, давлату парлумони Қирғизистон то кунун ба хостаҳои мардуми манотиқи ҳамҷавор бо пойгоҳи низомии Амрико таваҷҷӯҳи ҷиддӣ накардаанд. Ба қавли вай бо далели хисороти ворида аз ноҳияи ҳузури ин пойгоҳ мо хоҳони ихроҷи ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз фурудгоҳи «Монас мебошем.


Пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон дар поёни соли 2001 эҷод шуда ва ба далели зарарҳои оварда ба муҳити зисти ин кишвар ва ба вижа зиёнҳои зистмуҳитӣ дар манотиқи перомуни фурудгоҳи «Монас» ҳамвора мавриди эътирози созмонҳои ғайридавлатӣ ва мардуми навоҳии мухталифи вилояти Чойи ин кишвар будааст.
Бо ин ки тахриби муҳити зисти манотиқи мавриди ишора аз сӯи ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон як амри тасдиқшуда аз тарафи созмонҳои бетараф мебошад, аммо то кунун дар ҷиҳати ҷуброни он аз ҷониби Вошингтон ҳеч иқдоми ҷиддие сурат нагирифтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!