Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:48

Президент барои барқарор намудани хонаҳои аз зил-зила харобгашта то моҳи сентябр мӯҳлат дод

17 май 2012, 06:38

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми май зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар кард.

Дар натиҷаи боришоти пайиҳам ва заминларзаи шадид, ки субҳи рӯзи 13 май дар Тоҷикистон рух дод, даҳҳо манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт пурра ва ё қисман хароб гардид.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз хонаҳои истиқоматии осебдида дар деҳаи Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дидан кард ва бо мардуми зарардида аз наздик суҳбат намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ду деҳаи ноҳияи Рашт 8 хона пурра ва 16-тои дигар қисман хароб шудааст. Ба ҳамаи осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин хаймаҳо дастрас шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли равон бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонаҳои дар мавзеъҳои осебпазир қарордошта ба маҳалҳои бехавф кӯчонда шаванд. Президенти кишвар баъдан ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Зимни боздид аз мавзеъҳои аз заминларза осебдидаи ин ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди кӯҳистон, ки аз сангу лой бе истифода аз сементу дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда ва қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд.

Ин деҳоти кӯҳистон, аз ҷумла Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, аксари хонаҳои онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фурӯд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, барои зист басо пурхатаранд. Аз ин хотир худи сокинони ин деҳот хоҳиш доранд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, рӯйхати оилаҳои ба ноҳияи Қумсангир хоҳиши кӯчидан доштаро тартиб диҳанд.

Таъкид гардид, ки ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангир замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда мешавад. Дастур дода шуд, ки маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра ба нақша гирифта шаванд. Тибқи супоришҳои сарвари давлат дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, ки ҳамчунин бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бунёд ёфта будааст, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президент хабар доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!