Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:34

Сафири ИМА гуфт, кишвараш нақшаи ҳамла ба Эронро ҳар вақт ки хоҳад амалӣ мекунад

17 май 2012, 11:57

Дэн Шапиро, сафири Амрико дар Исроил гуфт, ИМА нақшаи таҳоҷуми ҳарбиашро болои Эрон ҳар лаҳзае хоҳад амалӣ менамояд.

Ин дар ҳолест, ки Теҳрон музокирот бо кишварҳои қудратии ҷаҳонро, ки аз сохтани яроқи ҳастаӣ дар ин кишвар ҳарос доранд, аз сар гирифтанист.

 

Амрикову Исроил дахолати низомӣ болои Эронро охирин роҳи пешгирии истифодаи уран барои сохтани силоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар ҳисоб кардаанд ва аммо то ба ҳол Эрон иддао дорад, ки танҳо лоиҳаҳои ҳастаии сулҳомезро амалӣ карда истодааст.

Ин дар ҳолест, ки сафири ИМА дар Исроил Дэн Шапиро гуфтааст, «Қобили қабул мебуд, ин мушкил аз тариқи дипломатӣ ва на аз роҳи истифодаи таъсирот ба мисли нерӯи низомӣ баррасӣ шавад. Аммо ин ба он мазмун нест, ки мо аз ин тартиб кор нахоҳем гирифт ва  нерӯҳои мо пурра барои анҷоми ин кор омодаанд».

Ёдовар мешавем, ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон таҳримҳое болои Эрон роҳандозӣ кардаанд ва феълан аз роҳи гуфтушунид Теҳронро маҷбур кардан доранд, ки аз истеҳсоли уран даст бикашад. Феълан давраи нави гуфтушунид оид ба ин мавзӯъ дар Истанбули Туркиё сар аз моҳи гузашта шурӯъ шуда, 23 май дар Бағдод идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Исроил, ки ягона кишвари дорои яроқи ҳастаии Шарқи Наздик маҳсуб мешавад, аз сохтани силоҳи атомӣ дар Эрон ва таҳоҷум бар сараш бонги изтироб мезанад.

Ҷониби Русия, ки то ин дам аз мавқеи ҷонибдории барномаҳои сулҳомези коркарди уран аз сӯи Эрон баромад мекард, аввали моҳи гузашта барои аввалин бор таҳдидҳоеро аз сӯи Эрон бо истифодаи силоҳи ядроӣ эътироф кард ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров гуфт, имкониятҳои таъсир ба Эрон барои ҳамкорӣ бо МАГАТЭ, як ниҳоди назорати барномаҳои ҳастаии СММ, аллакай истифода шудаанд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!