Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Фаронса дар иқтисодиёти кишвар манфиатдор аст

17 май 2012, 12:41

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни мулоқот бо Анри Зиппер де Фабиани, сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҳавасмандии ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷалби доираи васеи сармоягузорону соҳибкории хориҷӣ, аз ҷумла фаронсавӣ ба иқтисодиёти кишвар изҳор намуд.

Тавре аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи иқтисодӣ-сармоягузорӣ, пешбурди сиёсати давлатии ҷараёнҳои ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бевосита самаранок истифодабарии моликияти давлатиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Масъалаи тадбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва натиҷаи онҳо, нақшаҳои минбаъдаи ҳукумат дар ин самт,  ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои фаронсавӣ,  иқтидору имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин равандҳои таҷдиди сохтории шикратҳои ниҳоят бузург ва ё монополияҳои табии мамлакат низ дар ин дидор матраҳ шуд»,-афзуд манбаъ.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!