Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:47

««МегаФон» аз ӯҳдаи ташкили бозии QR-квест баръало баромад»

17 май 2012, 12:50

Нахустин маротиба дар Тоҷикистон бозии QR-квест баргузор шуд, ки дар он наздики 50 дӯстдорони фаъоли дучархасаворӣ иштирок карданд.

QR-код чӣ аст?
Quick Response- ҷавоб (посух)-и тезу босуръат, рамзи душтриха аст, ки ҳанӯз 18 сол қабл аз ин аз ҷониби ширкати ҷопонии «Denso-Wave» пешниҳод гардидааст. Сифати асосии QR-код (рамз) баҳодиҳии осони таҷҳизоти нусхабардоришаванда (аз ҷумла суратгираки телефонии мобилӣ) маҳсуб мешавад, ки дар тиҷорат, саноат ва логистика васеъ истифода мегардад. Чопониҳо дар расмҳои графикӣ ба ҳаҷмҳои гуногун ва зарфияти мухталиф иттилоъро бо роҳҳои нав таҷриба карданд. Дар соли 2000-ум аллакай QR- рамзҳо васеъ паҳн шуда, онҳоро дар плакатҳо, қуттӣ ва молҳои гуногун дидан мумкин буд.

Теъдоди аз ҳама максималии дар QR-рамзҳо дидашаванда:
ададҳо - 7089;
адад ва ҳарфҳо (аз ҷумла сириллик) - 4296;
рамзҳои дугона - 2953 байт;
иероглифҳо - 1817.

Дар айни замон  QR- рамз дар кишварҳои Осиё васеъ паҳн гардида, дар мамолики Аврупо ва Амрикои Шимолӣ рӯ ба рушд дорад. Маъруфияти бештареро он миёни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ касб кардааст. Аснои насби барномаи рамзкушо, муштарӣ имкон пайдо мекунад, ки дар телефони ҳамроҳаш иттилои матнӣ ворид кунад, ба нишонии е-майл ва телефонаш дӯстони навро ҳамроҳ созад, ба суроғаҳои нави сомонаҳо ворид шавад ва паёмак ирсол кунад. Чунин рамзҳо дар кули молу амвол ҳаст, ки онҳоро дар буклетҳои рекламавӣ ва маълумотномаҳо ворид кардан мумкин аст.
Бо ёрии QR-рамзҳо метавонед бозиҳои мухталифу шавқовар ва озмунҳои мухталифро ба роҳ монед. Операторони намоёни алоқаи мобилӣ якҷоя бо бренди муштараки худ метавонанд, истеҳсоли телефонҳои дорои рамзи QR-ро созмон диҳанд.

Тибқи муқарароти квест ширкатдорон бояд ба саволҳо оид ба маконҳои таърихии Тоҷикистон, воқеаҳои таърихии кишвар ҷавоб гӯянд. Ҷавоби дурустро тавассути интернети мобилии баландсуръати аз «МегаФон», занг задан ба дӯст ё аз  истифода карда, ёфтан мумкин буд. Ҳамаи саволҳо дар QR- рамзҳо рамзнависӣ шуда буданд. Бозӣ дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе тест-драйви интернетии ширкат гардид. Тавре иштирокдорон изҳор доштанд, «МегаФон» аз ӯҳдаи ин кор бараъло баромад.   

«Бозӣ бисёр серҳаракат, ҷалбкунанда буд ва ба ҳар як иштироккунанда талош мекард, ҳарчӣ зудтар ҷавоби дурустро пайдо кунад. Дар дарёфти ин суолҳо ба интернети «МегаФон» бисёр кӯмак кард», - мегӯяд Умедҷон Улуғов, ҳамоҳангсози барномаи рушди дучархасавори дар Душанбе.
- Ин бисёр таҷрибаи аҷоиб, пайвастани ин қадар шавқу ҳаяҷони гуногун: дучархасаворӣ, таърихи кишвари маҳбуб, тест-драйви хизматрасониҳои баланди технологӣ. Ташаккур ба  «МегаФон» барои имконияти  нодир!»

«Мо дер боз ташкил намудани санҷиши интернети худро тавассути технологияҳои пешқадам дар нақша доштем, чунки мулоҳизаҳои сокинони шаҳр дар бораи хизматрасонӣ барои ширкат бисёр муҳим мебошад», - мегӯяд Кармен Эткеева, роҳбари хадамоти PR-и ширкати «МегаФон». – Хеле хуб аст, ки ҷавонони бо велоспорт шавқу рағбат дошта, ақидаи моро дастгирӣ карда, барои дар ҳаёт тадбиқ намудани он  кӯмак намуданд».

Лоиҳа аз рӯи ташкили  QR-квестҳо ба санҷиши алоқа дар дигар шаҳрҳои мамлакат давом мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!