Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Доллар ба боло, еврову рубл ба пойин

18 май 2012, 04:39

Қурби  миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд баромада, айни ҳол дар ҳудуди 4,8650-4,8850 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна як рубли русӣ ба 0,1579-0,1589 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2400-6,2600 сомонӣ сомонӣ баробар шудаанд. Бояд гуфт, тайи рӯзҳои охир доллари  ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,8490-4,8700 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод. Феълан бошад дар ҳудуди нуқтаҳои фӯруш 4,8650-4,8850 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!