Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Радиои Тоҷикистон аз тариқи интернет пахш мешавад

18 май 2012, 04:57

Тасмим дорем ояндаи наздик «Радиои Тоҷикистон» аз тариқи интернет ҳам қобили шунидан шавад. Ин нуктаро Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори «Радиои Тоҷикистон» изҳор дошт.

Ба қавли номбурда «Радиои Тоҷикистон»-ро дар баробари тамоми қаламрави кишвар, ҳамчунин дар давлатҳои ҳамсоя ва ҳатто бархе қисматҳои Осиёву Аврупо мешунаванд. «Ба мо аз ин кишварҳо мактуб мерасад. Онҳо барои барномаҳои шуниданӣ ба кормандони радио изҳори сипос мекунанд»,-мегӯяд номбурда. Ба қавли ҷаноби Абдуқаҳҳор барои аз ин бештар кардани доираи шунавандаҳо тасмим гирифтаанд, ки «Радиои Тоҷикистон» аз тариқи интернет ҳам дастрас шавад.

 

Мавриди зикр аст, «Радиои Тоҷикистон» 10-уми апрели соли 1930 таъсис ёфт ва тулии 30 сол, то ба фаъолият оғоз кардани телевизиони Тоҷикистон дар майдони расонаҳои электронии кишвар «яккатоз» буд. «Радиои Тоҷикистон» то кунун қолаби суннатии барномарезии худро ҳифз кардааст. Феълан, «Радиои Тоҷикистон» шаш шабакаи радиоӣ дорад, ки «Радиои Тоҷикистон», «Овози тоҷик», «Фарҳанг» ва «Садои Душанбе» аз маъруфтарини онҳо маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ ин шабакаҳо дар шабонарӯз 96 соат барнома мешунавонанд. Барномаҳои шабакаи «Овози тоҷик» бо 8 забон пешниҳод мегардад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!