Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Камонвари тоҷик ба Туркия меравад

3 июн 2011, 05:19

Дар Душанбе мусобиқоти баскетбол миёни наврасон доир мегардад.

Шурӯъ аз имрӯз то санаи 6-уми июн дар мактаби варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №5-и пойтахт байни писарони солҳои таваллуди 1996 ва аз ин пойин сурат мепазирад. Тавре аз бахши матбуот ва иттилооти кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ҳамчунин аз санаи 6 то 12-уми июни соли равон  узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба камонварӣ Фирӯза Зубайдова барои иштирок намудан дар мусобиқаи «Гран-при» ба шаҳри Анталияи ҷумҳурии Туркия сафар мекунад. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бошад, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ байни дастаҳои мардона доир мегардад. Дар ин чорабинӣ иштироки ҳайати дастаҳо аз вилояти Хатлон, Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбеву навоҳии тобеи марказ дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!