Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 21:52

Таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барасӣ гардид

18 май 2012, 05:10

Фарогирии донишҷӯён ба таҳсил, имконияти таҳсили ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон бо Эндрю Вахтел, президенти Донишгоҳи америкоӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Тавре ба Озодагон аз вазорати маориф хабар доданд, зимни ин мулоқот ҳамкориҳои тарафайн дар масоили таълим ва пажӯҳишҳои илмӣ, баргузории семинару конфронсҳои илмӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, Эндрю Вахтел қайд кардааст, ки Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ягона муассисаест, ки дар сохтораш Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. «Ҳамкориҳои мо дар самти омӯзиши муштараки Осиёи Марказӣ метавонад суди бештаре ҳам барои кишварҳои ин минтақа ва ҳам давлатҳои дигари дунё оварад»-қайд намудааст ӯ.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ҳам дар навбати худ вазъи таҳсилоти олии касбиро дар кишвар таҳлил намуда, аз таҷрибаи хуби Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ёдовар шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!