Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

Чин дар қавлаш истод. Роҳбари азимтарин шабакаи коҷоқчиро қатл накард

18 май 2012, 07:30

Дар шаҳри Сямин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Хитой додгоҳ Лай Чансин, роҳбари азимтарин шабакаи қочоқчӣ ва корупсионӣ дар таърихи Чинро ба ҳабси абад ҳукм кард.

Тафтишот муайян кардааст, ки гардиши пули ин шабака, ки авохири солҳои 90-ум ғариқонунӣ ба қаламрави Хитой тамоми намуди молу коло, шурӯъ аз сигор то мошинро  ворид мекард, 3 миллиард долларро ташкил додааст. 64 мансабдори Чин барои иҷозаи  амалиётҳои ғайриқонунии шабака ришва гирифтаанд.

Баъди аввалин боздоштҳои аъзои шабака дар соли 1999 Лай Чансин ба Канада фирор кард. 12 сол ӯ барои истирдодаш ба Чин мубориза бурд. Даъво мекард, ки дар ватан ӯро истинтоқ ва ҳукми қатл интизор аст. Соли 2001 роҳбарияти Хитой мақомоти Канадаро муътақид намуд, ки нисбат ба Чансин ҳукми қатлро иҷро нахоҳад кард.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин парванда 14 ҳукми қатл содир шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!