Бахшҳо

Милисаи тоҷик пулис мешавад. Ваколатҳояшро ҳам кам мекунанд

Тибқи Барномаи миллии ислоҳоти милиса, на танҳо мафҳуми милитсия ба полис иваз мешавад, балки дигар тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст. Ин нуктаро Ҳайдар Маҳмадиев, ҳамоҳангсози ВКД оид ба ислоҳоти милитсия изҳор дошт.   Номбурда дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон мақсад аз таҳияи чунин барномаро қабули қонунҳои нав дар соҳа ва ислоҳот дар хусуси бақайдгирии ҷиноятҳо унвон карда афзуд, ки аз як тарф ваколату салоҳияти кормандони ВКД кам мешавад ва аз ҷониби дигар вазифа-масъулияти онҳо дар назди мардум зиёд хоҳад шуд: «Мо гуфта истодаем, ки полис на танҳо вазифадор аст, ки ҷиноякориро нест кунад ё тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ дорад, балки ҳамчунин вазифадор мешавад, ки ба мардум кӯмак  намояд». Ба қавли Ҳайдар Маҳмадиев ба нафақа баромадани кормандони милиса ва тарзи пушидани либоси онҳо низ дар ин барнома пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ  барномаи мазкур бояд то соли 2020 пурра амалӣ шавад. Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, коршиносони мустақил, масъулини ташкилотҳои ҷамъиятиву хориҷӣ ширкат доштанд. Дар нишаст гуфта шуд, ки дархосту пешниҳоди коршиносону масъулини ниҳодҳои зирабт вобаста ба ислоҳоти милиса ба ҳукумати Тоҷикистон ва ВКД ирсол хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)