Бахшҳо

Вазъи саноату оби нӯшокӣ дар маркази таваҷҷӯҳи раис

Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд мулоқоти райиси ин устон бо сокинон баргузор гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон» нишасти мазкур дар чойхонаи «Роҳат» сурат пазируфта, зимнан беш аз 2 ҳазор дар ҷаласа ширкат доштанд.

Қоҳир Расулзода, пеш аз мулоқот мулоқот  бо фаъолияти корхонаи навтаъсиси коркарди санги «Элегант» шинос гардида, таъсиси ин корхонаро, ки имкон дорад, аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулот – сангҳои ороишӣ истеҳсол ва содирот намояд, аз дастовардҳои вижа унвон кард. Гуфта мешавад, сангҳои ороишии корхона ба талаботи стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аллакай дар хориҷи мамлакат – Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белоруссия ва Қазоқистон харидорони худро дорад. Алҳол, дар ин коргоҳ бештар аз 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба ҷои доимии кор ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз гармхонаи навбунёд, ки он бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдураззоқ Каримов бунёд ёфта, парвариши гулҳо ба роҳ монда шудааст, боздид намуд. Дар гармхонаи мазкур алҳол беш аз 25 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, аз қабили петунӣ, салвиё, колеус шукуфтаанд ва гӯшаву канори шаҳрро зеб хоҳанд дод.Раиси вилоят ин иқдомро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд, зеро гул ба ҳаёту муҳити зисти одамон фараҳу зебоӣ ато менамояд. Боиси зикр аст, ки бо талошҳои роҳбарияти вилоят гулпарварӣ рушду нумӯъ меёбад ва дар вилоят танҳо дар баҳори имсола беш аз 400 ҳазор бех гулҳои мухталифи ороишӣ парвариш карда шуданд.Дар мулоқот бо сокинони шаҳр Раиси вилоят суханронӣ намуда, натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар 4 моҳи соли равон таҳлилу баррасӣ кард.

Райиси вилояти Суғд вазъи соҳаҳои саноат, андоз, маорифу тандурустӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ ва барқро таҳлил намуда, аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр изҳори нигаронӣ кард. Зеро дар соҳаи саноат теъдоди кормандон кам гардида, музди миёнаи меҳнат нисбатан паст мебошад.Яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби сокинони шаҳр ин нарасидани оби нӯшокӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)