Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:51

Генерали тоҷик сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро бо вазъи мухадироти минтақа ошно кард

19 май 2012, 07:39

Ҳукумати Британияи Кабир аз ин баъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла тадбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда дастгирӣ хоҳад кард. Ин нуктаро Ҷерем Орд-Смит, сафири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо Рустам Назаров, директори Агенти назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон изҳор намуд. Тавре аз агентии мазкур ба Озодагон хабар доданд, Рустам Назаров Ҷерем Орд-Смитро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Ғайр аз ин дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод. Ҷаноби Ҷ.ерем Орд-Смит дар навбати худ зикр кард, ки ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад ва аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар муборизаи пурсамар дар ин самт ситоиш намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!