Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Суғд соҳилҳояшро тоза мекунад

21 май 2012, 04:24

Дар шимоли мамлакат иқдоми «Тозагии соҳил» ҷараён дорад. Аксияи мазкур 5-уми май бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оғоз гардида, то 26-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.

«Беш аз 1000 сокини маркази вилоят, донишҷӯёну хонандаҳои мактаб, соҳибкорону кормандони муассисаҳои хоҷагӣ-манзилӣ барои тоза намудани соҳили дарёи Сир баромаданд»,-гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори маҳалии Озодагон сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити шаҳри Хуҷанд А. Ғозиев.

Дар ҳамин ҳол сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти маркази вилояти Суғд Ш. Меликбоева изҳор дошт, ки чорабиниҳо ҳар рӯзи шанбе бо оммаи васеи табиатдӯстон баргузор мегардад: «Зимни аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Спитамен 12 манбаи об тоза гардида, 25 тонна партовҳо бароварда шуд. Дар 7 ҷамоати деҳоти Ашт дар ин аксия 1105 нафар иштирок намуданд. Дар ноҳияи Зафаробод зимни аксия 5,5 км каналу ҷӯйбор аз партов тоза карда шуд».

Аксияи «Тозагии соҳил» дар дигар шаҳру деҳоти вилояти Суғд идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!