Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

2011-05-04 14:57

4 май 2011, 09:57

Аввали моҳи май дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар яке аз ноҳияҳои наздисарҳадӣ шаҳрванди 25-солаи кишвар

мавриди боздошт қарор гирифт. Вақте яқин шуд, ки мавсуф миқдори махсусан калони маводи мухаддирро барои фурӯши яклухт омода кардааст, тасмими дастгир намудани ӯ гирифта шуд. Дар натиҷаи нишондоди боздоштшуда, кормандони оперативии Оҷонсии назорат аз болои маводи нашъадор дар яке аз хонаҳо 5 халтаи полиэтиленӣ ошкор карданд, ки дар дохили онҳо 175 бастаи пресскардашудаи дорои рангу бӯи хос ҷо ба ҷо карда шуда буданд.  Мутахассисони шӯъбаи ташхисоти судии АНМН муайян намуданд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 155 кило мухаддирот забт шудааст ва бештар аз 151 килои онро ҳашиш ва беш аз 4 килои боқимондаро героин ташкил медиҳад. Шӯъбаи тафтишотии Оҷонсӣ аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.   Баъди анҷоми тафтишот парванда ба суд ирсол мегардад ва агар гуноҳи боздоштшуда тасдиқ шавад, ӯро аз 12 то 20 сол маҳрумият аз озодӣ ва мусодираи амвол интизор аст. Тибқи иттилои расмӣ зарфи 4 моҳи соли 2011 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар  аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 440 кило маводи мухаддир мусодира намуданд, ки ин 2,2 баробар бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!