Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Тариқ Иқбол Пурӣ дар ҳузури президенти Тоҷикистон

3 июн 2011, 05:51

Эмомалӣ Раҳмон райисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз соҳибкорони Покистонро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, доираи тоҷирон таҳти роҳбарии раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон Тариқ Иқбол Пурӣ тайи се рӯз боз дар Тоҷикистон қарор доштанд ва дар поёни сафар мулоқоти онҳо бо президент доир гардид. Дар нишаст масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорону тоҷирон баррасӣ гардид. Тариқ Иқбол Пурӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои мулоқоту сӯҳбатҳои серӯзаи гурӯҳи 118 – нафараи соҳибкорону тоҷирони Покистон  бо роҳбарони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузориш дод. Қайд гардид, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли семент, рушди тиҷорати мутақобила ва дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тавофуқоти зиёд ҳосил шуд. Доир ба бунёди як корхонаи нассоҷӣ барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти  ниҳоӣ созишнома ба имзо расид. Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба густариши ҳамкории энергетикӣ, ба роҳ мондани интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва таъмини робитаи доимию ногусастании ду кишвар аз тариқи роҳҳои заминию ҳавоӣ таъкид намуданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!