Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

80 солагии шоири маҳбуб бо маҳфили шеър таҷлил мешавад

21 май 2012, 12:38

Фардо, 22-уми май дар хонаи адибони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили адабии шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат баргузор мешавад. Ин маҳфил ба ифтихори 80 солагии мавлуди шоири маҳбуби кишвар созмон ёфтааст.

Дар ин маҳфил аҳли илму фарҳанг, шоирону нависандагон ширкат хоҳанд кард. Мӯъмин Қаноат барандаи якчанд ҷоиза, аз қабили ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар рушди адабиёти муосири тоҷик бо ашъори пурмӯҳтавои худ нақши назаррасе дорад.

Номбурда 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Аввлин шеърҳои Мӯъмин Қаноат ҳанӯз овони ҷавонӣ эҷод шуда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба табъ расидаанд. Шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Ғарм, донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, баъди ба итмом расонидани он то имрӯз ба фаъолияти эҷодӣ машғул аст. Навиштаҳояш бо номи «Суруши Станлинград», «Мавҷҳои Днепр», достони «Гаҳвораи Сино», «Достгони оташ», «Тоҷикистон исми ман» ва ғайра миёни хонандагон маълуму машҳур аст.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!