Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:47

Абдулҳақ Оев: Барои ҳал шудани мушкили мусофиркашонӣ мардум ҳам бояд кӯмак намояд

22 май 2012, 05:18

Вақтҳои охир шикояти мардум дар робита ба иҷро нагардидани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон зиёд шудааст. Ин нуқтаро Абдулҳақ Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи вижае иброз дошт.

Ба гуфтаи номбурда аксари мусофирон шикоят мекунанд, ки қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди нархномаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби бархе ронандаҳои мусофиркашҳо риоя намешавад. «Мардум аз он норозиянд, ки ронандаҳо аз онҳо 2-3 сомонӣ мегиранд. Қариб ҳар рӯз дар ин маврид ба идора аризаҳо ворид мешавад. Аксаран ронандаҳое аз мусофирон маблағи зиёд талаб мекунанд, ки дар хатсайрҳо ғайриқонунӣ ҳаракат мекунанд»,-афзуд ҷаноби Оев.
Муовини раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфт, ки мо эълон карда будем, ки нархномаҳо бояд дар тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб шавад, то мардум донад, ки роҳкиро расман чӣ қадар аст: «Вақтҳои охир мебинем, ки хатсайри 19 ҳамааш қариб «экспресс» шудааст. Ронандаҳо худсарона ҳар кор мекунанд, ба кадом хатсайре хоҳанд ҳаракат мекунанд».
Номбурда илова кард, ки ҳамарӯза рейдҳои махсус гузаронида мешавад:
-Зиёда аз 100 мусофиркашро нигоҳ дошта аз мусофирон пурсидем, ки чӣ қадар роҳкиро додед? Ягон нафар намегӯяд, ки 2 ё 3 сомонӣ додем, ҳама нархи расмиро мегӯяд. Бо ин васила намешавад мушкилро ҳал кард. Бояд мусофирон ҳам дар ин самт ба мо кӯмак расонанд, на бо аризаҳо ва зангҳои телефонӣ, балки ҳангоми рейдҳо низ бояд мусоидат кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!