Дар пайи як ҳамла дар шарқи Маскав чор шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст.
Хабаргузориҳои русӣ менависанд, феълан зарардидаҳо дар беморхона бистариянд. Дар мавриди шахсияти онҳо ҳанӯз маълумоте нест. Гуфта мешавад, ҳамлаварон аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот мебаранд.
Бо дастрас шудани иттилои бештар ба хонанда маълумот хоҳем дод.
Мӯҳр