Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:02

«Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» мунташир шуд

22 май 2012, 12:00

Барномаи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» дар шакли китобча нашр гардида, ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ирсол гардид.

Аз  Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Барномаи мазкур 360 нусха чоп шудааст. «Мақсад аз амалӣ намудани ин иқдом, тадбиқи бандҳои санади мазкур буда, он бо ташабуси Хадамоти муҳоҷират ва кӯмаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гаридааст. Масъулини вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои ин стратегия муаззаф гардида ва оид ба тадбиқи он ҳар нимсола бояд ба ҳукумати кишвар ахбори муфассал пешниҳод кунанд»,-афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, стратегияи мазкур аз 4-уми октябри соли 2011 бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!