Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:23

Як нафар қурбонии сел дар ноҳияи Рӯдакӣ

23 май 2012, 04:19

Автомашинаи тамғаи «Тангем» ба коми сел афтода, як нафар мусофири он  қурбон шуд ва се тани дигар захм бардоштанд.

Тавре Ориф Нозимов сухангӯӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, бар асари боришоти боронҳои пуршиддати рӯзи 20 майи соли равон дар километри 39 - уми шоҳроҳи Лоҳур - Эсанбой – Сайёдӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ сел омадааст. Автомашинаи тамғаи «Тангем», рақами давлатиаш 48-92 01 РТ, ки аз тарафи деҳаи Шуриён ба самти рустои Косабулоқ ҳаракат мекард, ҳангоми омадани сел  ба садама дучор мешавад. Дар натиҷа як нафар мусофирзани автомашинаи мазкур ҷони худро аз даст дода, се тан мусофири дигар, ки истиқоматкунандагони деҳаи Шуриёни ҷамоати деҳоти Эсанбой будаанд, дар бемористони ноҳияи Рудакӣ бистарӣ гардидаанд.

Номбурда илова намуд, ки худи ҳамон рӯз, (20 май) дар ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Рӯдакӣ аз талу теппаҳо сел фаромада, пули деҳаи Ганҷинаро шуста бурдааст.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!