Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:29

Шӯрои нақлиёти роҳҳои оҳани ИДМ: Амалкарди Роҳи оҳани Ӯзбакистон нодуруст аст

23 май 2012, 11:03

Шӯрои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои Иттиҳоди давлатҳи мустақил дар ҷаласаи 56-уми худ, ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, дар қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо тавассути истгоҳи Амузанг-Ғалабаи Ӯзбакистон ба самти Тоҷикистон, амалкарди «Ӯзбекистон темир йуларӣ» (Роҳи оҳани Ӯзбекистон) - ро дар ин ҷода нодуруст арзёбӣ кард.

Тавре аз Вазорати нақлиёти кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур яке аз пешниҳоди муҳими ҷониби Тоҷикистон вазифадор намудани Ӯзбакистон дар ҳалли мушкилоти  роҳи оҳани Амузанг-Ғалабаи самти Тоҷикистон буд. Аз тарафи намомяндагони тоҷик дар ҷаласа масоили муҳим пешниҳод гардиданд, ки яке аз онҳо мутобиқи банди 7. 22 протоколи ҷаласаи Шӯрои мазкур ҷониби Ӯзбакистон вазифадор гардид, ки то 15 -уми июли соли равон масъаларо ҳал намуда, ба шӯро маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.

Ҳаракати қаторҳои ҷануби Тоҷикистон дар самти Роҳи оҳани Амузанг- Ғалабаи Ӯзбакистон ҳудуди 5 моҳ инҷониб бар асари як таркиш қатъ гардида буд, ки ҳанӯз ин масъала миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳалли худро наёфтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, гуфта мешавад, масъулини тоҷик зимни ҳамоиши Маскав тақозо намудаанд, ки Ӯзбакситон дар ҳалли ин масъала ҳар чӣ зудтар чораҷӯӣ намояд. Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи мазкур 12 масъалаи марбут ба соҳаи роҳи оҳан мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!