Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Озмуни «Дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ»-и Сафорати ИМА дар Душанбе

23 май 2012, 12:46

Сафорати ИМА дар Душанбе даъватеро ҷиҳати супоридани лоиҳаҳо барои иштирок дар барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар солҳои 2012-2014 эълон менамояд.

Ҳадафи ин барнома таъмин кардани ҷавонони бидуни имконият бо шароити омӯзиши забони англисӣ ва такмили малакаҳои  роҳбарии худ тавассути таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ ва ҷалб шудан ба фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад. Барномаи мазкур мактаббачагони синни 14 соларо аз хонаводаҳои камбизоат фаро мегирад. Барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ бояд омӯзиши дусолаи забони англисиро ҳадди ақал аз 180 соати таълимӣ дар сол таъмин намояд. Ин барнома бояд дарсҳои забони англисӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои берун аз синф ва унсурҳои ташаккулдиҳандаро дарбар гирад. Намунаҳои унсурҳои ташаккулдиҳандаи вобаста ба забони англисӣ ва фарҳанги Амрико фаъолиятҳои монанди драма, компютер, рақс, ҳунар, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, сафарҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои махсуси фарҳангӣ ба монанди “Чоруми июл” ва рушди маҳоратҳои роҳбарӣ, эҷоди рӯҳияи кори гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва маҳоратҳои таҳаммулро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои пуршиддати тобистонаи Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ мумкин аст фаъолияти муҳими иловагӣ бошад ва ё шомили барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишҷӯ бошад. Ин машғулиятҳо бояд ҳадди ақал як ҳафта давом кунанд ва ба онҳо ҷалбкунии шарикони англисизабон ва ғайрианглисизабон мумкин аст. Лагерҳои тобистона ба таври зарурӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Пешниҳоди лоиҳа бояд аз тавсифи хаттии лоиҳа ва тақсимоти муфассали буҷа дар формати Microsoft Excel иборат бошанд. Тавсифи хатти лоиҳаро аз вебсайти мазкур метавон  дастрас намуд: http://goo.gl/jrzNw

МӮҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАҲО: 28 июни соли 2012
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бахши робитаҳои ҷамъиятӣ
Хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A
Душанбе, Тоҷикистон
Тел: (992 37) 229 2316, 229 2000, факс: (992 37) 229 205

Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!